Даҳумин мусобиқаи имдод ва наҷот миёни хадамоти вежаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи рӯзи 15-уми октябр оғоз шуд ва қарор аст то рӯзи 17-уми октябр идома кунад.
Дар ин мусобиқот ҳамаи наҷотдиҳандагони штатии воҳидҳои мухталифи КҲФ ширкат доранд.
Мусобиқа дар машқгоҳи давраи Варзоб аз рӯйи эстафета дар минтақаи махсус, ки “минтақаи фавқулодда хавфнок” номида мешуд, баргузор гардид. Дар он монеъаҳои мухталиф, зуҳуроти хатарнок гузошта шуданд ва вазъи вафқулодда барои офатҳои табиӣ ва техногенӣ.
Ҳадафи аслии мусобиқа баланд бардоштани сатҳи омодагиҳои касбӣ, таҷрибаву малака ва маҳорати ҳайати шахсии воҳидҳои наҷоти Кумита ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда буд.
Вазифаи асосии тимҳои ширкаткунанда дар ин мусобиқот татбиқи амалии ҷустуҷӯ ва пайдо кардани “ҷабрдидагон”, “захмхӯрдаҳо” ва “ҳалокшудагон”-и шартӣ ва ҳамзамон расонидани кумакҳои аввалияи амалии тиббӣ ба офатзадагон, аз манотиқи хавфнок берун овардани захмиёну кушташудагон мебошад. Ба маънии дигар тимҳои ширкаткунанда маҳорату малакаи худро дар наҷоти одамон ва пешгирӣ аз талафоти ҷонии эҳтимолӣ нишон медоданд.
Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд