Дар тамрини мудофиаи гражданӣ, ки гуруҳи эъзомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ доир кард, 11 хадамоти ноҳиявию вилоятӣ, неруҳои ғайриҳарбии 7 ҷамоат, иншоотҳо ва 450 нафар аҳолии ноҳия, ҳамчунин афсарони Ситоди ВМКБ ва намояндагони Кумита иштирок намуданд.
Ин машқҳои омӯзишӣ аз 11 то 15-уми октябри соли равон тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд.
Дар доираи машқҳо бо супориши Роҳбарияти Кумита ва дастгирии Ситоди ВМКБ ва ташкилоти ғайридавлатии «Фокус» 1300 литр сӯзишвории дизелӣ барои тоза намудани ҷуйю сойҳо ва селроҳаҳое, ки эҳтимоли омадани сел ва зарар овардан ба хоҷагиҳои ноҳия ва хонаҳои истиқоматӣ таҳдид мекард, истифода шуд. Ба воситаи техника ва воситаҳои махсус ин ҷӯйборҳо ва сойҳо аз регу шағал ва лойқа тоза карда шуданд.
Ҳангоми анҷоми машқ аз тарафи гуруҳи корӣ сатҳи омодагии ноҳия ва сокинон арзёбӣ шуд.
Ширкаткунандагони фаъоли машқҳо бо туҳфаҳо ва ифтихорномаи Раиси Кумита ва Ситоди ВМКБ сарфароз гардонида шуданд.