Наҷоти зани 58-солае, ки худро дар об ғарқ карда буд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зани 58-солаеро, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот доданд.
Ин ҳодиса дар соҳили дарёи  Сир рух додааст. Хонуми 58-сола бо қасди поён додан ба ҳаёташ ва раҳоӣ аз қайди мушкилот мехост аз болои пул худро ба зер афканад.
Ин зан бидуни андешаи дигар худро ба оғӯши дарёи пурхурӯш андохтааст ва дар ҳамин асно чашми кормандони бахши наҷоти Кумита, ки маъмулан дар ҷоҳои хавфнок гаштугузор мекунанд, ба зани дар ҳоли ғарқ шудан афтодааст.
Кормандони наҷот фурсатро аз даст надода, худро ба об андохтанд ва занро бо чолокӣ аз он берун кашиданд.
Дар кутоҳтарин муддат барояш ҳар кумаки аввалияро расонданд ва баъд ба бемористон интиқол доданд.
Зан аз марг наҷот ёфт. Вале сабаби даст задан ба худкушӣ то ҳол маълум нест.

барчасп: