Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 18-19-уми октябри соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат ҳаво рӯ ба сардӣ меорад. Борон ва боди сарду сахт дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 10-12°С мерасад. Дар манотиқи баландкуҳ барф меборад, дар навоҳии ҷудогона бӯрони шадид ҳам интизор меравад. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои куҳӣ ва ноҳияҳои наздикуҳӣ хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Ҳавои тағйирёбанда табиист, ки роҳандозии корҳои саҳро, молчаронӣ дар чарогоҳҳо, кори рафтуомади мошинҳо, фаъолияти муассисаҳои алоқа ва хадамоти коммуналиву таъминоти барқро ба мушкил рӯ ба рӯ месозад.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад: хеле эҳтиёткор ва ботаваҷҷуҳ бошед!