Чорабиниҳо бахшида ба рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатар, ки аз рӯзи 12-уми октябр бо ташаббуси Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда буданд, ба поён расиданд.
Ҳамчуноне хабар дода будем, дар доираи ин чорабиниҳо рӯзҳои 12-13-уми октябр дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишии вокуниш ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷараёни омӯзишҳо сатҳи омодагӣ ва ҳамоҳангсозиҳо ҳангоми вокуниш ба офатҳои табиӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ муайян карда шуданд. Ҳамчунин ширкаткунандагон малакаҳои омодагии умумӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаро омӯхтанд.
Иштирокдорони семинар нақшаҳои амалҳои самаранок ва ҳамоҳанг ва вокуниши сареъ ба офатҳои табииро таҳия намуданд.
Дар ноҳияи Ғарм бо талоши кормандони Ситоди КҲФ дар минтақаи Рашт миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ, бахши Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳраки Ғарм, ҳамчунин бинои ҳукумати ноҳия гузаронида шуданд.
Дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд, ноҳияҳои Шаҳринав, Ваҳдат, Файзобод, Бохтар низ чорабиниҳои ҳамсон, аз ҷумла, «мизҳои гирд» ва мулоқот бо аҳолӣ гузаронида шуданд.
Ин гуна чорабиниҳо ҳамчунин дар дигар гӯшаву канори кишвар низ роҳандозӣ шуданд.
13-уми октябр аз тариқи радиои Азия-плюс муколамаи мустақими кормандону мутахассисони Кумита бо шунавандагон баргузор шуд. Муддати як соат мутахассисон ба саволҳои шунавандаҳои ин радио аз гӯшаву канори кишвар посух доданд.
Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе муддати ду рӯз мулоқотҳои зиёде бо ҷалби одамони зиёд, аз ҷумла ҷавонон, зиёиён ва дигар қишрҳои аҳолӣ роҳандозӣ шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳадафи асосии баргузории ин чорабиниҳо татбиқи амалии таҷрибаҳои муосир, иқдомҳои муассир ва ҳамоҳангӣ ҳангоми офатҳои калонмиқёс буд. Ширкаткунандагон сатҳи омодагиҳо ва ҳамоҳангсозиҳои вокуниши муассисаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ ба офатҳои табиӣ, ҳамчунин баланд бардоштани омодагиҳо ба вокуниш ба офатҳои табииро санҷиданд.