Босмачиён. Душманони бадкеш тешаи худро аз решаи фарҳанги миллӣ бардоштанӣ нестанд.
Чоп шуд: 07/03/2019 | admin
Душманони бадкешу бадандеш тешаи худро аз решаи фарҳангу маърифати миллӣ бардоштанӣ нестанд ва бо ҳар роҳе талош доранд, арзишҳои волову муқаддаси миллиро қурбони амбитсияҳои сиёсӣ - динии худ гардонанд. Онҳо арзишҳои миллиро бо ақоиди динӣ - мазҳабӣ махлут намуда, ҳатто динро аз миллат боло гузошта, падидаҳои бо дин омезишёфтаро ҳувияти миллӣ муаррифӣ карданианд.