Дар Ҷопон зарфи як ҳафтаи охир 2053 нафар аз шиддати гармо ба бемористонҳо муроҷиат карданд ва 532 нафар бистарӣ шуданд. Чаҳор тан аз сокинони ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Дар иёлоти Викторияи Австралия бошад зарфи 4 рӯзи охир барфи шадид роҳҳоро баставу мошинҳоро андармон кардааст. Барф то 40 см боридаву зиндагиро дар минтақа ба мушкил рӯ ба рӯ намудааст.
Бар асари гармои шадид дар Ҷопон 4 нафар ба ҳалокат расиданд ва то кунун аз муроҷиати 2053 нафар ба табибон хабар дода мешавад.
Бино ба иттилои Раёсати ҳифозат аз сӯхтори Ҷопон аз теъдоди муроҷиаткардагон 532 нафар бистарӣ шудаанд ва 1476 нафари дигар баъди дарёфти кумаки аввалияи тиббӣ аз беморхонаҳо ихроҷ шудаанд.
Ҳавои гармтарин дар қисмати шимолии ин кишвар буд. Бино ба иттилои хабаргузориҳо рӯзи 26 май дар ҷазираи Хоккайдо ҳарорати ҳаво ба 39,5°C расид, ки дар моҳи май ин баландтарин сатҳи гармӣ маҳсуб мешуд.
Дар Токио ва навоҳии ба он наздик ҳаво то 36 дараҷа гарм шуд. Мақомот мегӯянд гармои моҳи май дар Ҷопон собиқа надошт.
Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки дар иёлоти Викторияи Австралия бошад зарфи 4 рӯзи охир барфи шадид роҳҳоро баставу мошинҳоро андармон кардааст. Барф то 40 см боридаву зиндагиро дар минтақа ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.
Бино ба гузориши Stormnews дар барфтӯдаи шабона чор мошин дар роҳ дармондаву имкони берун рафтан наёфтаанд. Дар ин чор мошин 8 нафар – падарон бо фарзандони 6-12 солаашон ҳузур доштаанд. Гардишгарон бо худ ғизо, об ва чодири гарм доштанд ва аз ин рӯ мушкиле барояшон пеш наомадааст. Аммо чун наҷотдиҳандагон расиданд, ба онҳо лозим омад мошинҳоро гузошта, худ берун раванд, чун барои кашидани мошин васоиле надоштаанд.
Минтақаи барфрез дар гӯшаи сайёҳии ин кишвар будааст ва бештар гардишгарон дучори мушкил шудаанд.
Хадамоти ҳавошиносии ин кишвар гуфтааст, ки барфи охири моҳи май дар манотиқии куҳии мамлакат рӯйдоди нодире нест ва дар гузашта низ ин гуна ҳолатҳо зиёд иттифоқ уфтодаанд. Субҳи имрӯз ҳам идораи ҳавошиносии Австралия аз шиддати бориши барф ва боди сард ҳушдор дод.