Мулоқоти судманд бо масъулини ҳифзи муҳити зист дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд баҳри тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҳайати шахсӣ бо намояндагони Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд вохўрӣ доир гардид.

Сардори маркази таълимию методии Раёсат подполковник Муҳиддин Абдусамадов дар суханони муқаддамотии худ ҳадафи ин ҷамъомадро шарҳ дод ва меҳмонон Шоира Меликбоева- сармутахассиси Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва Азизҷон Дустматов – сардори шўъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷандро ба ҳозирин шинос намуд.

Намояндаи Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Шоира Меликбоева аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иқтибос оварда,  вобаста ба мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд. Мавсуф диққати хозиринро ба муаммоҳои  ҳалталабу пешгирикунанда равона намуда, афзуд, ки мардуми дорои фарҳанги қадимаи мо урфу одатҳое дорад, ки бидуни ҳеҷ як шарҳу эзоҳ онро риоя мекарданд ва он ҳама ба манфиати омма равона гардидааст.

Инчунин дар рафти сухангўии худ Шоира Меликбоева кулли иштирокчиёнро даъват ба амал овард, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зинаҳои мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки ба такмили мунтазами маърифати экологии аҳолӣ мусоидат кунанд ва дар ин самт тадбирҳо андешанд.   

Азизҷон Дустматов – сардори шўъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар бораи корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд ибрози назар намуд. Сипас миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон дар атрофи масъалаҳои мавриди баҳс табодули афкор сурат гирифт.

Шаҳзода Бутаева,
с
ардори бахши кор бо
ҷомеъаи Раёсат
, лейтенант

барчасп: