Кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи навоҳии Кӯлоби вилояти Хатлон дар корхонаҳои минтақавии шабакаҳои барқӣ тамринҳои фармондеҳиву ситодӣ мегузаронанд. Ин тамринҳо дар мавзуъи “Амали мақомоти идорӣ ва неруҳои зерсистемаи ҳудудии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногеӣ” мегузарад.
Ҳадафи тамринҳои фармондеҳиву ситодӣ муайян намудани ҳадди омодагии роҳбарои хадамот дар бартараф сохтани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ, такмили малакаҳои ҳайати шахсӣ барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот барои ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Тамринҳо ба коркарди алгоритмҳои амал ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ равона шудааст. Яъне, омодагии кормандон ҷиҳати баргузории корҳои садамавиву наҷот, фаврӣ барқарор намудани амали хадамоти фалаҷшуда бар асари офати табиӣ, ҳамеша омода будан ва дар омодагии ҳамешагӣ нигоҳ доштани қувва ва воситаҳои наҷот мебошад.
Дар ҷараёни ин тамринҳо, ки қарор аст дар се марҳила баргузор шавад ҳама масъалаҳои омодагиҳои қувва васитаҳои мақомоти идораии мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода, Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, қувваҳо ва воситаҳо дар ҳоли омадани сел, заминларза ва кӯчоднидани одамон ба маҳалҳои амн машқ мешаванд.