Се нафар аз кӯҳнавардони садамадида ба Русия баргаштанд, ҳоли ду нафари дигар вахим гузориш шудааст

Тибқи охирин иттилоъ се нафар аз кӯҳнавардони дучори садамашуда аз ҷумлаи шаҳрвандони Русия, ки баъди наҷот дар бемористони Истиқлоли пойтахти кишвар бистарӣ буданд, субҳи имрӯз ба ватанашон баргаштанд. Дар бемористон нӯҳ нафари дигар боқӣ монданд.

Аз миёни ин нӯҳ нафар вазъи саломатии ду тани онҳо, як

Руйхати 15 нафар мусофирони чархболи суқуткарда

Тавре хабар дода будем, аз 18 нафар мусофирон ва халабонҳои чархболи рӯзи якшанбе суқуткарда дар поёноби пиряхи Фортамбек  риштаи ҳаёти панҷ нафар ба таври фоҷеанок канда шуд.

Аз миён се нафари онҳо кӯҳнавардон аз Федератсияи Русия буданд. Рӯйхати онҳоро дар зер меорем:
1. Дубин Виктор соли таваллудаш 1952, шаҳрванди Федератсияи Россия;

Хабари расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз рӯйдод бо чархболи Ми-8

Бар асари рӯйдоди баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе дар поёноби пиряхи Фортамбек  ду нафар аз сарнишинони чархбол аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва се нафар кӯнавардон аз ҷумлаи шаҳрвандони Федератсияи Русия ба ҳалокат расидаанд. 12 кӯҳнавард ва яке аз сарнишинони чархбол бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд.

Бо кӯҳнавардон иртибот барқарор шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар айни замон иртибот бо кӯҳнавардон барқарор шудааст.

Макони феъолии онҳо дақиқ карда мешавад.
Дар наздиктарин фурсат ба минтақаи офат аз фурудгоҳи Лахш чархболҳо бо кормандони наҷот парвоз хоҳанд кард.  

Хабари фаврӣ: бархӯрди чархболи Ми-8 бо 13 кӯҳнавард дар поёноби пиряхи Фортамбек

Соати 16:30 дақиқаи рӯзи 12-уми  августи соли равон   чархболи Ми-8, ки кӯҳнавардонро аз қуллаи И смоили Сомонӣ бармегардонд, дар поёноби пиряхи Фортамбек сахт ба замин нишаст. Бино ба хабарҳои аввалия ин чархбол замоне ба садама дучор шуд, ки кӯҳнавардонро баъди расидан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ бармегардонд.

Ҳангоми рух додани ин ҳодиса  дар чархбол 13 нафар

Страницы