Ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни литсеи касбии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе мулоқот баргузор шуд. Кормандони Маркази омӯзишӣ донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик карданд ва як омӯзиши қоидаҳои бехатариро низ ҳамроҳашон тамрин намуданд.
Дар ин омӯзиш 51 нафар донишҷӯёни литсей ширкат карданд, ба онҳо рӯнамоии риояи қоидаҳои бехатарӣ ва рафтори дуруст ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаро намоиш доданд.
Ин дарси омӯзишӣ баъди гузаронидани як амали таҷрибавиву амалии интиқоли одамон ба ҷойи амн ба поён расид.
Ҳадафи аслии роҳандозии ин гуна чорабиниҳо ташаккули фарҳанги бехатариву амният ва гузаронидани корҳои маърифативу тарбиявӣ бо ҷавонон дар самти ҳимоя аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ мебошад.
Ҳамчунин дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ва Нақшаи КҲФ дар соли 2019 дарси омӯзишии “Ҳайати роҳбарӣ ва шахсони масъули вазоратҳо, идораҳо ва мактабҳои олии кишвар оид ба мудофиаи гражданӣ” идома дорад. Дар ин дарсҳо 20 намоянда аз мактабҳои олии кишвар, Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, ширкатҳои мобилии “Индиго Тоҷикистон”, “ТТ мобайл” ва “Таком” иштирок доранд.