Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи таҳлилии ҳамасолаи «Шарҳи вазъи ҳолатҳои
фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018»-ро бо дастгирии молияви САҲА чоп намуд.
Шарҳ таҳлили фарогири ҳолатҳои фавқулоддае, ки соли 2018 дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта шуда буданд, дар бар мегирад. Ҳамчунин татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, ки Кумита тарҳрезӣ кардааст, мавриди таҳилу баррасӣ қарор гирифтааст.
Ғайр аз ин маҷалла ахбор дар бораи пешгирӣ, дурнамо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, чорабиниҳои алоқаманд бо иншоотҳои радиатсионӣ ва кимиёвӣ, ҷамъбасти фаъолиятҳои хизматии КҲФ ва МГ оид ба ҷустуҷӯ ва наҷоти одамони зарардидаву ҷабрдида дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ва интиқоли онҳо ба муассисаҳои табобатӣ ва ғайраро фароҳам овардааст.
Дар Шарҳ чорабиниҳо оид ба таҳкими зарфиятҳои КҲФ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда инъикоси худро ёфтаанд.
Шарҳи мазкур ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, сафорати кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ирсол карда хоҳад шуд.
Муфассал бо Шарҳ ошно шавед:
- Маҷаллаи “Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода”
- Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018