Дирӯз рӯзе буд, ки бештар аз 80 нафар хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 шаҳри Хуҷанд бо ширкат дар чорабинии Рӯзи дарҳои боз дар бораи корҳои наҷот ва техникаи наҷот тасаввуроти комил ҳосил карданд. Рӯзе буд, ки эътимоди хонандагон ба роҳандозии корҳои садамавиву наҷот афзуд. Онҳо бовар ҳосил карданд, ки Ҳукумати кишвар бо роҳандозии барномаҳои зиёде талош дорад хатари офатҳоро коҳиш диҳад, барои наҷоти ҷони офатзадагон тадбирҳои амалӣ андешад. Рӯзе буд, ки кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғд соатеро бо наврасон гузарониданд, то онҳоро бо чизҳое ошно созанд, ки то кунун намедонистанд.
Дар қисмати аввали чорабинӣ хонандагон ба се гурўҳ тақсим шуданд. Дар синфхонаи маркази таълимию методии Раёсат подполковник Муҳиддин Абдусамадов онҳоро бо таърихи таъсисёбии Кумита, фаъолияти Кумита то ба имрўз, ҳаёт ва фаъолияти наҷотдиҳандагон, намудҳои ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи гражданӣ, гузаронидани корҳои садамавӣ наҷот ва дигар корҳои таъхирнопазир, ҳолатҳои фавқулоддае, ки ба вуқўъ пайвастанд ва эҳтимолияти ба вуқўъ омадан доранд, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба зарардидагон, ғарқшудагон накл кард.
Баъдан дар ҳавлии Раёсат, ки тамоми техникаи наҷоти Раёсат барои намоиш гузошта шуда буд, фармондеҳи Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд капитан Абдумалик Абдуҳамидов хонандагонро бо автомошинаҳои махсуси наҷот, аз ҷумла машини вижа барои пешбурди корҳои рўи обию зериобӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, кўҳнавардӣ, техника ва таҷҳизоту лавозимоти махсуси наҷотдиҳӣ шинос намуд. Дар рафти чорабинӣ тарзи истифодабарии лавозимот, пўшидани либосҳои махсуси наҷот вобаста ба намуди ҳолати фавқулодае, ки ба амал омадааст, намоиш дода шуд.
Ҳамзамон ҷавонписарони синни тодаъватӣ бо вазъи будубоши ҳайати шахсии наҷотдиҳандагон дидан намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ хонандагон оид ба рафти амалиётҳои кўҳнавардӣ, рўи обию зери обӣ, нозукиҳои касбӣ наҷотдиҳӣ, кӣ метавонад наҷотбахш бошад, барои ин кадом илмҳоро бояд аз худ намуд саволҳо дода посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Дар фарҷом муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 шаҳри Хуҷанд М. Собирова ба роҳбарияти Раёсати Кумита барои баргузор намудани чорабинии пурмазмун изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки хонандагон ва роҳбарияти муассиса аз ин иқдоми пешгирифтаи Кумита хело шод ҳастанд, ин чорабинӣ тасаввуроти хира дар бораи корҳои наҷотро рушантар кард. Хонандагон дарёфтанд, ки Тоҷикистон барои наҷоти сокинонаш аз офатҳо тадбирҳои амалии зиёд меандешад ва дар ин Кумита инсонҳое кор мекунанд, ки бори масъулияти наҷоти инсонҳоро мекашанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур 4 нафар омўзгорон ва 80 нафар хонандагон иштирок намуданд.