19 нафар кормандони шуъбаҳо, бахшҳо ва гурӯҳҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ аз курси махсуси ҷамъоварии маълумот ва тартиб додани харитаи минтақаҳои хавфнок, ба офатҳои табиӣ дучоршудаи қаламрави вилоят гузаштанд.
Дарсҳои назариявӣ ва амалӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ гузаронида шуданд.
Дарсҳои амалӣ дар қаламрави деҳаи Сумжеви ноҳияи Роштқалъа баргузор шуданд. Ширкаткунандагони тамрин маҳалро омӯхтанд ва тарҳи харитаи сохтаи худро оид ба маконҳои ҳассос ба ҳолатҳои фавқулодаро тартиб доданд.
Омӯзишҳо бо ҳадафҳои омодагии кормандон ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва рӯйдодҳои нохуш роҳандозӣ мешаванд. Ин гуна давраҳои омӯзишӣ дар оянда низ гузаронида хоҳанд шуд.