Озмуни беҳтарин наққошиҳои кӯдакон дар бораи ҳолатҳои фавқулода ҷамъбаст шуд

27 – уми майи соли равон дар “Боғи бачаҳо”-и шаҳри Душанбе озмуни телевизионии беҳтарин наққошиҳои кӯдакон бо номи “Олам дар чашми атфол, бе ҳолатҳои фавқулода ва ҳодисаҳо”, ки ахиран эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.   Озмуни мазкур аз ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии  «Ҳамсоягии дӯстона” (Добрососедство),  ТВ «Бахористон» эълон шуда буд ва он дирӯз, дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдак ҷамъбаст гардид.

Дар озмун бачаҳои аз 5 то 16-сола ширкат варзиданд.  Ба ҳакамон наздик ба 1600 расм пешниҳод шуд. Аз миёни ин ҳама 25 нафарро чун ғолибони ин озмун эълон гардиданд.

Наққошони ҷавон, ки ҳар кадом бо диди худ оламеро бидуни ҳолати фавқулодаву офати табиӣ тасаввур карда буданд, бо туҳфаҳо ва дипломҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд. 

Дар поёни ҷамъбасти озмун барои ширкаткунандагони он барномаи рангини театрӣ намоиш дода шуд. 

Чорабинии мазкур соли дуюм аст, ки эълон ва дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдак ҷамъбаст мешавад ва ҳадаф ташаккули мавқеъи шаҳрвандии насли наврас ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.

барчасп: