Бар асари садамаи як автобусе, ки гардишгарони чиниро мекашид, ду нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса рӯзи 28-уми май дар Приморе рух додааст.
«Автобусе, ки дар он гардишгарони чинӣ савор буданд ва аз Приморе ба ҳаракат даромада буд, дар Уссури чаппа шуд,-гуфта шудааст дар хабар .- Ин автобус тибқи муоҳадаи дуҷонибаи Русия ва Чин дар мавриди табодули гардишгарон ҳаракат мекард ва дар он 45 нафар савор буданд. Бар асари ин фоҷеа ду нафар ҳалок шуданд, ки яке аз онҳо ронанда буд”.
Тибқи иттилои ТААС дар миёни захмхӯрдагони садама кӯдакон нестанд. Бино ба гуфтаи мақомот дар ин садама 13 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки ҳоли яке вахим гузориш шудааст. Ҳамаи ҷароҳатбардоштагон дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.
Мақомот гуфтаанд, ки сабаби асосии садама эҳтимолан вазъи нохуби саломатии ронанда бошад.
Сабти видеоии ин садмаро ахиран РЕН ТВ пахш кард.
Ҷузъиёти аз ин бештар хабар дода нашудааст.