Ҳалокати боз ду ноболиғ дар обҳои кишвар
Чоп шуд: 07/06/2024 | admin
6 июни соли 2024 соати 14:10 ду сокини 16-солаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъи дарёи Сир ғарқ шуданд.
Соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҷасади ноболиған пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.
Як сабаби аслии марг дар шиноворӣ ин оббозӣ дар маконҳои мамнуъ мебошад. Сабаби дигар беназоратии волидон аст, ки ноболиғонро ба ҳоли худ мегузаоранд.