Кумитаи ҳолатҳои фавқулода соҳиби 15 намуд техникаи вазнини корҳои наҷот шуд

24 декабри соли 2024 дар доираи Лоиҳаи муштараки миллии КҲФ ва БОР оид ба офатҳои табиӣ ба ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 намуди техникаи вазнин, махсус ва наҷот таҳвил дода шуд.
Ҳамчунин, бо мақсади татбиқи минбаъдаи лоиҳаи Кумита ва Бонки ҷаҳонӣ «Беҳдошти омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» 4 адад ҳавопаймоҳои бесарнишин таҳвил ёфт, ки се адади он барои таҳлил ва мониторинги минтақаҳои хавфнок пешбинӣ шудааст. Яке аз ин ҳавопаймоҳои бесарнишин бо камераи дорои тасвири инфрасурх ва ҳароратӣ барои шиносоии ҳалокшудагон дар ҳолатҳои фавқулодда муҷаҳҳаз аст.
 Тамоми воситахои техникй барои кори сари вакт ва самарабахши рафъи оқибатҳои офатҳои табий, анҷом додани корҳои наҷот ва дигар амалҳои таъхирнопазир, инчунин барои ба даст овардани иттилооти бамавқеъ ва дақиқ дар мавриди вазъияти системаи табиию саноатй, хусусан дар навоҳии кӯҳистонӣ тарроҳӣ ва барои қабули қарорҳои саривақтӣ вобаста ба пешгирии оқибатҳои эҳтимолии ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани ёрии тиббӣ пешбинӣ шудааст. 
 Дар маросими тантанавии таҳвили техника раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ муқими Тоҷикистон ширкат доштанд.
Сарвари КҲФ барои ин таҷҳизоти нав ва зарурӣ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки ин таҷҳизот, бешубҳа, барои наҷоти ҷонҳои зиёд ва осон намудани кори кормандони наҷот ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фавқулодаи имдодрасонӣ ва тадбирҳои пешгирикунанда мусоидат мекунад.
Кӯмаки расида аз шарикони рушд пеш аз ҳама, барои беҳтар кардани кор дар самти расонидани кумак ба аҳолии осебдида ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ як дастгирии назаррас мебошад.

 

барчасп: