Биёбоншавӣ таҳдиди ҷиддӣ барои экосистемаҳо ва амнияти ғизоӣ

Тахриби замин ё биёбоншавӣ дар саросари ҷаҳон бо суръати нигаронкунандае рух медиҳад ва солона 1 миллион километри мураббаъро фаро мегирад. Тибқи як пажӯҳиши нав, ки Пажӯҳишгоҳи тағйирёбии иқлим дар Потсдам анҷом дод, ин талошҳо барои ба эътидол овардани иқлим, ҳифзи муҳити зист ва таъмини пойдории маводи ғозоиро зери хатар қарор медиҳад.

Тибқи як пажӯҳиш бо номи "Бозгашт аз канора", ки дар The Guardian нашр шудааст, заминҳои харобшуда дар айни замон масоҳати 15 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз қаламрави Антарктида калонтар аст. Ин як ҳолати басо нигаронкунанда аст ва барои пешгирии зарари бебозгашт ба экосистемаҳо ва некӯаҳволии инсон чораҳои фаврӣ андешиданро талаб мекунанд.

Муаллифони пажӯҳиш қайд мекунанд, ки барои комёб шудан ба ҳадафҳои рушди устувор бояд пайёмадҳои ҳам экологӣ ва ҳам иҷтимоӣ-иқтисодии истифода заминро ба назар гирифт. Иртиботи мутақобили истифодаи хок бо экосистемаи Замин ва ҳаёти инсон метавонад воситаи басо муҳим барои арсидан ба ин ҳадафҳо бошад. 

Таҳқиқот ба андешидани чораҳои таъхирнопазир даъват мекунад, то аз тахриби минбаъдани замин пешгирӣ шавад ва ояндаи устуворро барои ҳамагон таъмин созад. 

Натиҷаҳои таҳқиқот инчунин дар гузорише, ки дар ҳамоиши 200 кишвари олам рӯзҳои 2-13 – уми декабри соли равон дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз дар чаҳорчӯби Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) баргузор баргузор шуд, ироа гардид. 

То ба наздикӣ, экосистемаҳои замин, аз ҷумла дарахтон ва хок, сарфи назар аз афзоиши назарраси онҳо, тақрибан сеяки партобҳои антропогении гази карбонро азхуд мекарданд. Бо вуҷуди ин, дар тӯли даҳсолаи охир, бинобар буридани ҷангалҳо ва тағирёбии иқлим, қобилияти экосистемаҳо барои азхудкунии CO₂ 20% коҳиш ёфтааст.

Сабаби асосии биёбоншавии заминҳо амалияи ноустувори кишоварзӣ мебошад, ки 80% талафоти ҷангалро ба ӯҳда доранд. Ин таҷрибаҳо истифодаи пуршиддати кимиёвӣ, пеститсидҳо ва захираҳои обро дар бар мегиранд, ки боиси нобудшавии хок, кам гаштани захираҳои об ва экосистемаҳои олуда мешаванд.

Деградатсияи замин ба кишварҳои камдаромад ва гурӯҳҳои осебпазири иҷтимоӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Занон маҷбур мешаванд, ки кори бештареро ба ӯҳда гиранд ва ба мушкили саломатӣ дучор шаванд ва кӯдакон дар хатари камғизоӣ ва нокомӣ дар таҳсил қарор гиранд.

 

БИЁБОНШАВӢ ЧИСТ?

БИЁБОНШАВӢ Ё БИЁБОНЗОӢ - навъе аз тахриби замин аст, ки дар он минтақае тақрибан хушк, ба таври фазояндае нокорам мешавад. Яъне ин заминҳо, ки қаблан бо дарахтону буттаҳо пӯшида шуда буданд, бар асари амали инсон ва рушди дарахтбурӣ ба биёбон табдил шудаанд. 

Дар ин ҳол замин қобилияти дар худ сабзонидани гиёҳонро аз даст медиҳад ва нокораму барои истифода нолозим мешавад.  

Тағйири иқлим, беборишӣ, беобӣ низ ба биёбонзоӣ таъсир мерасонад.  

 

Аз https://poisknews.ru таҳияи Б.Шафеъ

 
барчасп: