Бино ба гузориши Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб рӯзи 20-уми декабри соли 2024 соати 16:50 дақиқаив ақти маҳаллӣ дар километри 73-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Ҳолати мазкур аз ҷониби Филиали ШС “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар минтақаи Варзоб соати 17:30 дақиқа бартараф карда шуд.
Дар айни замон роҳ барои ҳаракати мошинҳо ба ду самт аз сар гирифта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки хатари резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва лағзиши тарма дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, дар шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ (километрҳои 46 -84) ва дар манотиқи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки то ҳадди имкон аз сафар ба манотиқи ёдшуда, маҳалҳои тармахезу роҳҳои пурхатари кӯҳӣ, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳони дорувор ва шикору моҳидорӣ худдорӣ кунанд.
Ронандагон ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ бештар эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои бехатарӣ ва махсусан фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.
Илова бар ин, КҲФ аз сокинони манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ хоҳиш мекунад, ки ба ҳолати бомҳои хонаҳои худ таваҷҷуҳ кунанд, барфу яхи ҷамъшударо сари вақт рӯбанд ва бомҳоро аз вазни гарони барф озод намоянд.
Волидони мӯҳтарам, касоне, ки дар минтақаҳои зери тарма хатари қарор доред! Кӯшиш кунед, ки кӯдаконро беназорат нагузоред. Агар онҳоро танҳо ба мактаб ё ба сайру гашт фиристед, аз хатари тарма ва сангрезиҳо огоҳ кунед, бо онҳо дар ин бора зиёд суҳбат кунед.
Ҳаёти худ ва наздиконатонро дар хатар нагузоред!
Агар шумо шоҳиди ҳодисаи фавқулодае шудед, ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телефонҳои: 112, 223 13 11: 221 91 19 ё 93 880 28 19 занг занед.