Оташсӯзиҳои нигаронкунанда дар ду иёлоти Австралия

Сӯхторхомӯшкунандагон дар иёлотҳои Уелси Нави Ҷанубӣ ва Квинсленди Австралия  ҳамзамон бо чандин оташсӯзӣ дар бешазорони ин минтақа муқобила мекунанд. Мақомоти расмӣ эълон карданд, ки ҳоло дар 16 нуқтаи ин ду иёлот оташ забона мезанад ва оташсӯзӣ дар 50 нуқтаи дигар низ аз назорат хориҷ шудааст. Дар мубориза барои пешгирӣ аз доманаи оташ бештар аз як ҳазор кормандони идораи сӯхторнишонӣ, 70 ҳавопаймо ширкат доранд. Аммо мақмомот мегӯянд аз он ки оташ торафт ба манотиқи бештар доман паҳн мекунад, ин ҳама талошҳо алҳол натиҷаи чашмрас надодаанд.

ДОНИСТАНИҲО. Панҷгонаи хатарноктарин кӯҳҳои олам. (Бахши охир)

Замоне, ки кӯҳнавардон қасди фатҳи қуллаи Эверест (непалӣ: Согормото ба маънои Сар ба осмон ва тибетии Ҷомолунгма) мекарданд, оламиён ба ин гумон буданд, ки ин кӯҳ баландтарин ва хатарзотарин кӯҳи ҷаҳон аст. Дар ҳақиқат садҳо қӯҳнавард дар талоши фатҳи қуллаи Эверест ҷони худро аз даст дод. Вале баъдтар маълум шуд, ки Эверест ягона кӯҳи пурхатар набуда, ҳатто дар қиёс ба кӯҳҳои дигар осонфатҳшаванда ҳам будааст. Тахминан 3 ҳазор кӯҳнавардон дар солҳои гуногун муваффақ ба фатҳи қуллаи он шуданд, ки дар миёни онҳо як бачаи 13-солаи нобино ва пиразани 73-сола ҳам буданд.

Обу ҳавои рӯзи шанбе, 9-уми ноябр

    Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон  сардиҳо муваққатан гузаштанд, боришҳо низ. Ҳарорати ҳаво дар сар то сари кишвар каме рӯ ба гармӣ овардааст. Албатта, ҳаво ҳавои тирамоҳ, балки охири тирамоҳ аст ва тағйири ҳарлаҳза дорад.  9-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад.  Ҳарорат шабона  1+3°, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад. 

Дар заминларзаи Эрон 4 нафар ҳалок ва беш аз 70 нафар захмӣ шуданд

Заминларзаи шадид дар вилояти Озабойҷони Шарқӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Эрон чаҳор нафарро кушт ва бештар аз 70 тан захмӣ шуданд. Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки қувваи заминларза дар маркази он 5,9 балл буд ва ин ҳодиса соати 02:17 дақиқаи шаб, ки маъмулан аксарият дар хоб буданд, рух дод. Мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки ҳоло 8 гурӯҳи имдод дар ҷойи ҳодиса кор мекунад ва машғули наҷоти одамон ва интиқоли онҳо ба маконҳои амн мебошанд. Хабаргузориҳо ҳамчунин аз инфиҷори хати лулаи газ дар минтақа иттилоъ доданд.

ПАЙМОНИ ДУРӮҒИНИ МИЛЛӢ – ФАРЗАНДИ НОТАНИИ ТТЭ ҲНИ

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти иртиҷоиву динии экстремистӣ - террористиро яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ донистааст. Дар мубориза бар зидди чунин равандҳои номатлуб, ки ба оромиву осудагии мардум хатару таҳдидҳои бебаргашт эҷод мекунанд, табақаи равшанандешони тоҷик дар сафи пеш қарор доранд.

Страницы