Ҷаласаи фаврии бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода

Имрӯз, 7 – уми июн дар Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи фаврӣ бо ширкати роҳбарони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар баргузор гардид.

Ҳадафи ин ҷамъомад баррасии вазъи расонидани кумакҳо ба аҳолии бар асари омадани сел зарардидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буд. 

Боз ду рӯзи сербориш: Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ҳавои номусоид то 7-уми июн боқӣ мемонад. Боришҳои пуршиддати имрӯз ва рӯзи оянда метавонанд сабаби рӯйдодҳои нохӯш шаванд. Омадани сели азим бар асари ин боришот, лағзиши тарма, резиши санг эҳтимол дорад. Гармии ҳаво метавонад сабабгори нармиши теппаҳо ва лағзиши хок шавад, барфи обшуда сатҳи оби рӯдхонаҳоро боло мебарад. Ва ҳамаи ин хатаре дорад,

Офоти табиӣ дар кишвар: Вазъ то субҳи рӯзи шашуми июн

Селҳои харобиовар дар гӯшаву канори кишвар. Як куштаву як бенишон рафта дар сели ноҳияи Панҷекат. Харобиҳои азим дар Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиёнро ҷиҳати ташкили корҳои наҷот ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба макони селзадаи ноҳияи Рӯдакӣ эъзом

Бахшида ба «Рузи байналмилии ҳифзи муҳити зист» иқдоми муштарак баргузор гашт

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологӣ дар давраи то соли 2020», ки  2 апрели соли 2015 № 178 қабул гардидааст, инчунин ҷиҳати иҷрои Нақша-чорабиниҳои Кумита барои соли 2019, аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдоми «Тозагии соҳил» бо ҷалби сарбозони қисмҳои ҳарбии Кумита гузаронида шуд.

Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Ҳамватанони азиз!

Субҳи панҷуми моҳи июн иди саиди Фитр фаро мерасад. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтиву некрӯзӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям. Хурду бузурги кишвари мо шукрона мекунанд, ки ҷашну идҳои милливу давлатӣ ва

Страницы