Илоҷи ҳар воқеа пеш аз вуқӯъ. Ин ҳикмати мардумӣ бояд ҳамеша зери назар бошад. Бахусус дар мавриди ҳодисаҳои фавқулодаву офатҳои табиӣ, ки пешгӯинашавандаанд. Вале метавон бо роҳандозии тадбирҳо ва омӯзишҳо хатари ин офатҳоро коҳиш дод, мардумро огоҳ кард, ки дар сурати пеш омадани ин ё он офот чӣ бояд кунанд. Ва дар тамрини ахир, ки Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён роҳандозӣ кард, ҳамин тадбирҳо мавриди тамрину омӯзиш қарор гирифтаанд.
Бино ба иттилои полковник Сулаймон Исозода-сардори Раёсати КҲФ дар Хатлон дар асоси Нақша чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2020 бо мақсади санҷидани сатҳи омодагииҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кўшониён машқи фармондеҳии ситодӣ мудофиаи гражданӣ баргузор шуд.ю
Ин машқ зери унвони «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ҷамоат ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми рахнашавии обанбори НБО Левакант» роҳандозӣ гардид.
Дар он масъалаҳои эҳтимолияти зери об мондани аҳолии деҳаҳои Сари Пул ва Дустии ҷамоати шаҳраки Бохтариён бар асари болоравии сатҳи об обанбор ва рахна шудани он барарсӣ шуд. Яъне, таҳлил шуд, ки дар сурати рух додани ин гуна ҳодиса чӣ бояд кард, то хатари офат коҳиш ёбад.
Дар ин омӯзиш 350 нафар ва 8 адад нақлиётҳои махсус ва мусофиркашҷалб карда шуд.
Ҳамзамон чорабинии мазкур аз тарафи телевизиони «Шабакаи аввал» наворбардорӣ шудааст.