Ҷамъбасти натиҷаҳои як тарҳи дусола аз ҳамкориҳои байналмилалӣ дар кишвар

15 декабри соли 2018 ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории ҷомеа аз тариқи якҷоя намудани коҳиши хатари офатҳо ва тағйири иқлим дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд (DIPECHO-10)», ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Оксфам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардид, баргузор шуд.

Курсантони факултаи № 5 Академияи ВКД Тоҷикистон ба касби ояндаи худ ошно шуданд

Бо мақсади омодагии касбии кадрҳо дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин ошноӣ бо касби ояндаи худ 13 нафар курсантони соли чоруми таҳсил дар факултаи  № 5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд.

Мулоқоти генерал Назарзода бо ҳайати Кумитаи Шӯрои Федератсияи мудофиа ва бехатарии Федератсияи Русия

Рустам Назарзода ва Михаил Козлов ба густариши ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда таъкид карданд. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонишини Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи мудофиа ва бехатарии Федератсияи Русия изҳор доштанд, ки таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт ба суди сокинони ду кишвар аст.

Чаҳор кушта бар асари аз роҳ хориҷ шудани қатори суръатболо дар Анқара

Дар Анқара бар асари аз роҳ берун шудани қатори суръатболо 4 нафар ба ҳалокат расиданд ва беш аз 40 тани дигар захмӣ гаштанд. РИА Новости истинодан ба хабари расонаҳои туркӣ иттилоъ додааст, ки аз хати ҳаракат ду вагон хориҷ шудааст.

Бино ба гузориши  NTV аз хати ҳаракат хориҷ гаштани ду вагони қатор 4 нафар ҳалок шудаву бештар аз 40 нафар

Сӯхтор дар ошёнаи даҳуми хобгоҳе дар Минск

Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Белорусия аз наҷоти ду зарардида ва интиқоли 250 бошандаи як хобгоҳи бисёрошёна дар Минск хабар доданд. Дар ошёнаи даҳуми ин бино утоқе оташ гирифтааст ва аз тарси хавфи сӯхтор ҳудудан 250 нафар ба макони амн интиқол ёфтаан

Хабар дар мавриди оғози сӯхтор соати 19:00 расидааст.

Страницы