Обу ҳавои рӯзи якшанбе, 3-уми ноябр

Тибқи маълумоти  Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон  рӯзи якшанбе дар саросари Тоҷикистон ҳавои рӯзи шанбе тақрибан боқӣ мемонад. Барф аҳён-аҳён меборад, бориши борон низ назар ба як рӯзи пеш камтар мешавад. Вале ҳарорати ҳаво кам тағйир меёбад.

2-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳавои тағйирёбанда, туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад.  Ҳарорат шабона 8+9°, рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад. 

Гармои шадид ва хушксолӣ дар Зимбабве 55 филро кушт. Чаро? (Видео)

Зарфи ду моҳи гузашта бар асари як беобии сартосарӣ дар Зимбабве ҳаддиаақал 55 фил дар мамнуъгоҳи миллӣ ба далели гуруснагӣ ва ташнагӣ ба ҳалокат расид. Сухангӯи  созмони мудирияти ҳаёти  ваҳшӣ ва паркҳои  Зимбабве ба хабарнигорон гуфт: “Шароит ногувор аст, филҳо бар асари  гуруснагӣ мемиранд ва ин як мушкили бузург аст.  Имсол хушксолӣ ба шиддат ба тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ зарар овард”.

Дар инфиҷори киштии боркаш дар Находка ду нафар кушта ва як тани дигар бенишон шудаанд

Дар танкери (киштии боркаш) “Халиҷи Амрико” дар мавзеъи Находка таркиш ба амал омад, ки бар асари он 3 нафар кушта шуданд. Дар ин бора “Интерфкс” истинодан ба маркази ҳамоҳангсозии наҷоти баҳрии Владивосток хабар дод.    

 Раёсати тафтишотии нақлиёти Шарқи Дури  Федератсияи Русия дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Гуфта мешавад, ки субҳи 2 ноябри соли равон дар киштӣ, ки дар димоғаи Астафев шино мекард, садои таркиш баланд шуд.

Обу ҳавои рӯзи шанбе, 2-уми ноябр

Тибқи маълумоти рӯзи шанбе дар саросари Тоҷикистон сардии ҳаво ва боронҳо боқӣ мемонанд. Дар м интақаҳои баландкӯҳ барф меборад, шамоли сахту сахд дар кулли кишвар дар назар дошта шудааст.

  2-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳаво абрист, рӯзона бориши ками борон, аммо шабонгаҳон борони бештар меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад.  Ҳарорат шабона 7+9°, рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад. 

ДОНИСТАНИҲО. Панҷгонаи хатарноктарин кӯҳҳои олам. (Бахши аввал)

Замоне, ки кӯҳнавардон қасди фатҳи қуллаи Эверест (непалӣ: Согормото ба маънои Сар ба осмон ва тибетии Ҷомолунгма) мекарданд, оламиён ба ин гумон буданд, ки ин кӯҳ баландтарин ва хатарзотарин кӯҳи ҷаҳон аст. Дар ҳақиқат садҳо қӯҳнавард дар талоши фатҳи қуллаи Эверест ҷони худро аз даст дод. Вале баъдтар маълум шуд, ки Эверест ягона кӯҳи пурхатар набуда, ҳатто дар қиёс ба кӯҳҳои дигар осонфатҳшаванда ҳам будааст. Тахминан 3 ҳазор кӯҳнавардон дар солҳои гуногун муваффақ ба фатҳи қуллаи он шуданд, ки дар миёни онҳо як бачаи 13-солаи нобино ва пиразани 73-сола ҳам буданд.

Страницы