Тафреҳ: Боздид аз Осорхонаи вилоятӣ дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 18-уми апрели соли равон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон- “Авасто” дидан намуданд.

Роҳбаладон ба ҳайати шахсии Раёсат роҷеъ ба таърихи осорхона, маконҳои таърихии кишвар, осори фарҳангии ниёгон маълумот доданд.

Зимни боздид аз осорхона бо истифода аз фурсати муносиб бо кормандони осорхона ва бинандагони он роҷеъ ба муҳимтарин мавзӯъи рӯз- короновирус суҳбатҳо анҷом доданд ва ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ тақсим карданд. 

Исозода, сардори  Раёсат, полковник

барчасп: