Обу ҳавои рӯзи чоршанбе, 13-уми ноябр

Агентии ҳавошиносии кишвар ҳавои рӯзи 13 ноябрро аслан офтобӣ гуфтааст. Танҳо дар баъзе минтақаҳо борони кутоҳмуддат меборад. Ҳарорат мисли рӯзи 12-ум аст. Ба фарқ аз имрӯз рӯзи 13-ум бод суръати худро коҳиш медиҳад, ки инро дар зер хоҳед хонд. 

13-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳаво бебориш хоҳад буд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад.

ДОНИСТАНИҲО: Шумори ҳодисаҳои фавқулодаи кишвар дар солҳои 2015-2016-ро медонед?

Бино ба оморҳои таҳлилӣ дар соли 2015 дар саросари кишвар 90 ҳолати фавқулода сабт шудааст. Бар асари боронҳои шадид 42 ҳодисаи омадани селҳои харобиовар ба қайд гирифта шуда буд, ки он дар маҷмуъ 46,6% ҳодисаҳои фавқулодаи он солро ташкил медод.

Соли 2015 дар кишвар 15 маротиба замин такон хӯрдааст.

Тӯфон соҳилҳои Ҳинд ва Банглодешро ноором кард: 13 нафар ҷон доданд, ду миллион паноҳанда шуданд

Тӯфони тропикӣ дар  ноҳияҳои соҳилии Бангладеш ва Ҳинд сабабгори ҳалокати 13 нафар шуд, садҳо хонаро вайрону валагор кард. Мақомот гуфтанд, ки ду миллион нафар хонаву кошонаи худро такр карданд ва ин шаби пурхатарро дар паногоҳҳо ба рӯз оварданд. Ин тӯфон бо як боди шадиде ҳамроҳ буд, ки бо суръати 120 километр дар як соат мевазид. Боди сахт садҳо хонаро валангор кард ва даҳҳо танро захмӣ намуд.

Обу ҳавои рӯзи сешанбе, 12-уми ноябр

Гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар боз ҳам ҳикоят аз он мекунад, ки ҳаво рӯзи сешанбе, 12 ноябр дар саросари кишвар бебориш аст. Аммо ин бор ҳавои тағйирёбанда эълон шудааст. Яъне, дар сардиву гармӣ минтақаҳо назар ба ду рӯзи охир каме фарқ мекунанд. Аммо ин фарқи чандон назаррас нест. Ба сурати умум моро рӯзи сешанбе ҳавои бебориш интизор аст ва суръати вазиши бод ҳам мисли ҳамарӯза: аз 3 то 8 метр дар як сония аст.

Сарварони идораҳои давлатҳои узви СҲШ ба таҳкими ҳамкориҳо таъкид карданд

Сарварони идораҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар нишасти Деҳлӣ ба таҳкими ҳамкориҳо дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода мувофиқат карданд. Дар ин ҷаласа, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор  шуд, натиҷаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид, ҳамчунин тарҳи нави ин ҳамкориҳо тасдиқ шуд.

Страницы