Идомаи корҳои поксозиву безараргардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар
Чоп шуд: 30/04/2020 | admin
Бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус дар саросари кишвар корҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ шуда, ҷойҳои пурҷамъият, нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дӯкону мағозаҳо бо маводҳои кимиёвӣ поккорӣ карда мешаванд. Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии идорӣ дар роҳандозии корҳои санитарӣ кумак мерасонад.





