Аёдати собиқадорони Кумита дар Хатлон

Дар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон даст ба иқдоми хайрия заданд ва аз ҳоли ду собиқадори Кумита хабар гирифтанд.

Аёдати маъюбон, собиқадорони соҳа, полковник Муродов Амиралӣ ва подполковник Иброҳимов Қиёмиддин дирӯз сурат гирифт. Кормандони Раёсат дар доираи барномаи пешгирӣ аз сироят ба вируси короно ба манзили истиқоматии ин ду собиқадор рафтанд, аз ҳолашон хабар гирифтанд. Дутури раёсат вазъи саломатии онҳоро санҷид.

Ҳамзамон аз ҷониби Кумита ба ин собиқадорон маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоби муҳофизати тиббӣ, дасмоли тар ва собунҳои антибактериологӣ расонида шуда, манзили истиқоматии онҳо бо маҳлулҳои хлордор безарар карда шуд.

 

Муродҷон Муйдинов