Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори касоне, ки ба короновирус сироят шуданд, ба 461 нафар расид. Дар хабаре, ки дафтари матбуотии ниҳод расонаӣ кардааст, аз ҷумла омадааст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то соати 17:30 дақиқаи 7 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар 4205 нафар зери назорати табибон қарор дошта, то имрӯз 461 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардидаанд. Дар як шабонарӯзи охир 345 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.
Манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки дар як шабонарӯзи охир 4 ҳолати фавт мушоҳида гардида, дар умум 12 нафар бар асари сирояти коронавируси нави COVID-19 аз олам чашм пӯшидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.