Дар беморхонаҳои Британияи Кабир санҷиши клиникии дору аз Covid-19 шуруъ шудааст, ки дар он бештар аз 8 ҳазор беморон ширкат мекунанд. Ин санҷиш зери назари Донишгоҳи Оксфорд мегузарод ва RECOVERY номида шудааст. ВВС хабар додааст, ки он бар асоси панҷ доруи қаблан вуҷудошта сурат мегирад. Дар миёни онҳо доруи омехтае, ки бо он СПИД-ро табобат мекунанд ва доруи дигаре, ки барои муолиҷаи табларза то кунун истифода мешуд, низ ҳастанд. Донишмандон ҳоло мехоҳанд исбот кунанд, ки оё ин давоҳо қодиранд тавлиди короновирус дар бадани инсонро боздоранд.
Ҳамчунин доруҳое мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд илтиҳобро коҳиш медиҳанд ва ба вокуниши системаи сироятӣ таъсир мерасонанд.
Санҷиши клиникӣ қариб 170 беморхонаҳо дар кулли Британияро фаро гирифтаанд, вале ин санҷиш ҳамзамон дар беш аз сад кишвари гуногуни олам низ гузаронида мешавад. Вазифаи аслии ин санҷишҳо он аст, ки доруе интихоб шавад, ки маргумир аз короновирусро коҳиш диҳад.
"Ҳар қадаре беморони зиёдро ба ин санҷишҳо ҷалб мекунем, мо ҳамон андоза тезтару зудтар ба як натиҷа мерасем,-гуфтааст профессор Питер Ҳорбӣ. Мо аллакай соҳиби рекорҳои зиёде ҳастем, аз ҷумла дар ҳаҷми санҷишҳо ва ин натиҷаи чашмгир аст!”
Ва дар ҳақиқат ин санҷиши клиникӣ дар олам дар ин миқёси бузург бори аввал гузаронида мешавад.
Дар бораи оғози санҷиши ҷаҳонии доруи зидди КОВИД-19 низ рӯзи сешанбеи гузашта Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ хабар дода буд ва онҳо барои ин санҷиш то кунун беш аз 1200 нафар ихтиёриёнро интихоб кардаанд.
"Ширкат дар ин озмоиш гумон аст, ки ба худи ман кумак кунад,- гуфт Ҷефф Пайки 60-сола, аз бемористони Кембриҷ дар Адденбрукс.- Вале шояд ин таҳқиқот ба касе ёрӣ расонад, чун мо имрӯз дигар наметавонем бе ашфиёти илмӣ бошем”. Ҷефф Пайк танҳо аз он нокомона сухан меронад, ки шаш ҳафта пештар гирифтори короно шудааст, вале то ин замон бори дигар духтурон барояш бемории саратонро ташхис карда буданд.
Дар Британияи Кабир тибқи иттилои рӯзи 7 май шумори фавтидагон ба беш аз 30 ҳазор нафар расида буд.