Ёде аз таърихи мошинҳои барфрӯбӣ дар остонаи зимистон

Имрӯз наметавон ҳаёти худро бе вуҷуди мошинҳои барфрӯбӣ тасаввур кард. Аммо замонҳои пеш, ҳатто як аср пештар мушкилоти шаҳрҳо дар зимистон ба маротиб бештар буд. Кӯчаҳои барфпӯш равуои одамон ва аробаҳоро душвар мекарданд. Он замон мошин ба ҳадди имрӯз зиёд набуд ва шаҳрҳо ҳам камҷамъият буданд. Вале зимистон ва замони яхбандӣ мушкилоти чӣ шаҳриён ва чӣ деҳотиёнро афзун мекарданд.

Обу ҳавои рӯзи панҷшанбе, 21-уми ноябр: гоҳ борон ва гоҳе барф

Ҳавои рӯзи панҷшанбе тақрибан шабеҳи ҳавои рӯзи чоршанбест. Бино ба маълумоти  Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон осмони кишвар ҳамоно абрпӯш аст, борон гоҳ-гоҳе ба сурати парешон меборад, дар баландкӯҳҳо барф ва ҳавои сардтар аз рӯзи пеш дар аксар навоҳии кӯҳистонӣ пешбинӣ шудааст.  

  

Наҷоти кӯдаки дусола, ки паси дари баста монда буд

Модар наметавонист дари башиддат басташудаи манзили худро боз кунад. Дохили хона тифлаки дусола танҳо буд ва метавонист ҳар лаҳза моҷарое ба сараш ояд. Ду ҷавони дигар савори лифт миёни ду ошёна дармонданд ва агар наҷотдиҳандагони Кумитаро ба кумак даъват намекарданд, шаби сард чӣ таъсире ба ҷонашон мегузошт?

Зарфи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боз кардани дари баста ва лифти дармонда ба сокинон ёрӣ расониданд. 

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ дар КҲФ

19 – уми ноябри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи коршиносони Платформаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ, полковник Ҷамшед Камолов гузашт. 

Машварат дар фазои маҷозӣ: Чанд тавсия ба ронандагон дар остонаи фасли сард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ронандагон хотиррасон мекунад бар асари боришот дар ноҳияҳои кӯҳистонии мамлакат хатари лағзиши тарма ва резиши санг таҳдид мекунад. Ҳамчунин дар натиҷаи поин рафтани дамои ҳаво эҳтимоли яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад.

Дар робита бо тағйири обу ҳаво, ки пештар ҳам хабар дода будем, Кумита бо мақсади бехатарӣ дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ба ронандагон тавсия медиҳад:

Страницы