Имрӯз нашрияи машҳури британиёии Daily Telegraph бо сарлавҳаи ҳангомабарангези “Машварати дар хона мондан лағв мешавад” нашр гардид. Ҳукумати Британияи Кабир нақшаи нави худ дар мавриди карантинро танҳо рӯзи якшанбе эълон мекунад. Аммо Дейли Телеграф бо истинод ба манбаъҳои худ дар ҳукумат навиштааст, ки талаботу низоми қатъии худинзивоъ аввали ҳафтаи оянда лағв карда хоҳад шуд.
Рӯзи чоршанбе Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон зимни суханронӣ дар ҷаласаи парламони кишвараш гуфт, ки сабукиҳо дар карантин аз ҳафаи оянда шуруъ хоҳанд шуд. Вале вай ҷузъиёти ин сабукиҳоро эълон накард. Нашрияи ёдшуда гуфтааст, ки дар навбати аввал сайругашт дар гулгашту хиёбонҳо иҷозат мешавад, маҳдудиятҳои пурра дар хона мондан низ барҳам мехӯранд ва ба сокинон иҷозат дода хоҳад шуд, ки дар поркҳо офтоб хӯранд.
Аммо бисёре аз донишмандон ва ҳатто сиёсатмадорони мухолифи давлат ин тасмими ҳукумати Ҷонсонро бармаҳал ва зараровар тавсиф кардаанд. Чунончӣ, дар сигменти интернетии Британия волидон ба номае имзо ҷамъоварӣ мекунанд, ки аз ҳукумат талаб доранд ҳоло мактабҳоро ифтитоҳ накунанд ва сабабгори мавҷи нави сироят ба короновирус нашаванд.
Гуфтанист, ки шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар Британияи Кабир аз 200 ҳазор гузаштааст. Шабонарӯзи гузашта мақомот аз сирояти 6111 нафар хабар доданд. Аз оғози пандемия дар Британияи Кабир аз ин беморӣ беш аз 30 ҳазор нафар фавтидаанд.
Ахиран президенти Русия Владимир Путин низ аз коҳиши низоми карантин дар кишвараш ҳарф зад. Дар ҷаласа бо ширкати Владимир Путин сарвари Роспотребнадзор Анна Попова гуфт, ки ин коҳиш дар се марҳила хоҳад гузашт. Аввал ба сокинон иҷозат дода мешавад, ки дар ҳавои кушод ба варзиш машғул шаванд. Баъдан барои сайругаштҳо низ баъзе маҳдудиятҳо лағв мешаванд. Дар марҳилаи сеюм мактабу донишгоҳҳо дарҳои худро дубора боз мекунанд, мағозаҳо, каҳвахонаву тарабхонаҳо низ боз мешаванд, вале вуруди одамон ба ин ҷойҳо маҳдуд хоҳад буд.
Аммо шаҳрдори Маскав Собянин гуфтааст, ки дар пойтахт корхонаҳои саноатӣ ба кор оғоз хоҳанд кард, корҳои сохтмон аз сар гирифта хоҳанд шуд, вале низоми худинзивоъ барои сокинон боқӣ мемонад.