Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз партови 20 мушаки зиддижолаи “Алазан” хабар дод, ки дар маҷмуъ 9 минтақа аз хавфи резиши жолаи харобкор безарар гардид.
Аз ҷумла, рӯзи гузашта барои бартараф намудани хавфи бориши жола дар як минтақаи ноҳияи Турсунзода ду мушак, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои рафъи хатари жола 8 мушак, дар ду минтақаи ноҳияи Кушониён 4 мушак ва дар ноҳияи Данғара барои бартараф сохтани хатари жола 6 мушак партов шуд.