Ҳалокати 74 нафар дар қатори оташгирифтаи Покистон (видео)

Бино ба охирин иттилои расида шумори мусофирони ҳалокшуда дар қатори оташгирифтаи Покситон ба 74 нафар расидааст. Ин қатор дар қаламрави вилояти Панҷоб оташ гирифтааст ва бино ба хабари Geo News дар се вагони оташгирифта 200 нафар мусофирон сафар мекарданд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар иртибот ба тағйири обу ҳаво

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 1 то 4-уми ноябри соли равон ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барф меборад. Шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳо  8 °С-ро ташкил медиҳад.

Обу ҳавои рӯзи ҷумъа, 1-уми ноябр

Пагоҳ, ҷумъа, рӯзи аввали моҳи ноябр, оғози сюмин ва охирин моҳи тирамоҳ. Ҳисс мешавад, ки Тоҷикистон ҳам ба оҳистагӣ ба оғӯши сарди зимистон худро омода мекунад. Аз рӯз ба рӯзи дигар ҳаво сардтар мешавад, боронҳои тирамоҳӣ ҳам шуруъ шудаанд, ҳатто дар пойтахти кишвар ва навоҳии гарми вилояти Хатлон ҳам аз боришоти дарозмуддату кутоҳмуддат хабар дода мешавад. Гармо тадриҷан ҷойи худро ба сармо медиҳад.

Дар ВМКБ ҳолате тамрин шуд, ки маъмулан баъди заминларза ба вуҷуд меояд

Тамринҳои фармондеҳӣ-ситодии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба анҷом расиданд. Ин тамринҳо дар се марҳила тарҳрезӣ ва аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ роҳандозӣ шуданд.

Кохи мероси ҷаҳонӣ дар Ҷопон оташ гирифт (видео)

Телевизиони Ҷопон хабар дод, ки дар префектураи  Окинава як кохи қадимӣ, ки дар рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст, оташ мегирад. Ин ширкати телевизионӣ иттило дод, ки субҳи имрӯз, 31 октябр  дар шаҳри Нахо кохи машҳури таърихии Сюри оташ гирифт. Бар асари ҳолати фавқулода қисматҳои зиёди бинои таърихӣ, аз ҷумла толори марказии он ба коми оташ рафт. Дар айни замон 20 воҳиди зиддисӯхтор дар ҷойи ҳодиса саргарми хомӯш кардани забонаи оташанд.

Страницы