Борҳо гуфтаему боз мегӯем, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ гарави аслии таъмини амнияти шахсист. Аммо мутаассифона, на ҳама ба ин эътибор медиҳанд. Дирӯз яке дар Рашт худро ба оби Сурхоб андохту хонадонашро мотамзада кард. Дуюмӣ моҳидорӣ карду дар Кофарниҳон аз заврақ сарозер шуд. Ду куштаи об дар як рӯз.
Тибқи маълумоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ҳисор рӯзи 20-уми апрели соли равон шаҳванди 48-солаи деҳаи Ҳафтеппаи ноҳия ҳангоми моҳидорӣ дар дарёи Кофарниҳон аз заврақ сарозер мешавад ва дар оби хурӯшон афтода ғарқ мегардад.
Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ҳисор якҷо бо сокинони русто то соати 19:20, яъне то фаро расидани торикӣ ҷасадро ҷустанду пайдо накарданд.
Субҳи имрӯз ҷустуҷӯ аз сар гирифта шуд. Натиҷа нашр хоҳад шуд.
Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рашт иттило дод, ки субҳи дирӯз сокини бистсолаи деҳаи Мулло Бароти ҷамоати Ҷафри ноҳияи Рашт худро ба қасди худкушӣ ба оби дарёи Сухоб андохтааст.
Дастаи махсуси наҷоти Кумита дар минтақаи Рашт сари вақт дар ҷои ҳодиса расид ва соати 12:30 дақиқа 20 км дуртар аз маҳалле, ки худро ба об андохта буд, аниқтараш дар наздикии деҳаи Лойобаи ҷамоати Деҳоти Н.Махсум ҷасадро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Сабаби ин худкушӣ маълум нест.
Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад: Ҳангоми рафтан ба моҳидорӣ аввал дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ андешед. Оё шумо қодиред агар заврақатоп чаппа шавад, худро ба соҳил саломат расонед? Оё шумо қоидаҳои ғаввосиро медонед ва метавонед аз оби хурӯшон зинда ба соҳил расед? Надонистани қоидаҳои оббозиву ғаввосӣ ин хатар ҳам ба ҷони шумост ва ҳам мусибат ба хонадону пайвандонатон.