Чаро ширкатҳои бунёдкор қоидаҳои бехатариро риоя намекунанд ва саргарми зудтар сохтану ба истифода додани хонаҳои навсохт фаромӯш мекунанд, ки онҳо низ масъули амнияту бехтарии шаҳрвандонанд? Ҳодисаи рӯзи гузашта дар маҳалли Зарафшон-1-и пойтахт шаҳодат аз он медиҳанд, ки хонасозон таваҷҷуҳи чандон ба муҳити атрофашон надоранд. Агар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Обу корези Душанбе намебуданд, кӣ медонист оби хориҷшуда атрофро ба чӣ ҳол меовард.
Рӯзи 19-уми апрели соли равон, соати соати 20:36 дақиқа ба қисми навбатдории фаврии КҲФ хабар расид, ки дар кӯчаи Зарафшон 1, шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96-и ноҳияи Сино қубури магистралии оби нушокӣ (бо андозаи 300) ба садама дучор гардида, дар натиҷаи ҳолати баамаломада об ба дохили чоҳбун барои сохтмони бинои баландошёна даромада, роҳрави назди чоҳбун ба масофаи тахминан 50 метр ва паҳнои 5 метр фурӯ рафтааст.
Ба ҷои ҳодиса гурӯҳи Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе сафарбар гардида, бо ҳамроҳии кормандони КВД обу корезии шаҳри Душанбе, оби ворид гаштаро бо 4 адад насосҳои обкаш кашиданд. Соати 01:05 дақиқа вазъ ба эътидол омад ва об ба маҷрои аслии худ равон шуд.
Сабаби ба садама дучор гардидани қубури магистарлии оби нушокӣ ин риоя нагардидани меъёрҳои сохтмонӣ аз тарафи яке аз ширкатҳои сохтмонӣ мебошад.