Вазири тандурустии Туркия Фахриддин Коҷа эълон кард, ки дар ин кишвар 86,3 ҳазор нафар гиифтори вируси короноанд. Ин рақам болотар аз шумори мубталоён дар Чин дар рӯзҳои пандемия мебошад. Танҳо зарфи шабонарӯзи гузашта дар Туркия 3977 ҳодисаи нави сироят ба короновирус ба қайд гирифта шудааст ва 127 нафар фавтидаанд. Аз оғози пандемия то кунун дар Туркия бар асари сироят ба короновирус 2017 нафар ба ҳалокат расиданд. Туркия 10-уми марти соли равон аз аввалин мубтало ба ин вирус хабар дода буд ва ҳоло дар миёни кишварҳои осиёӣ пешгомтарин аз нигоҳи шумори мубталоён мебошад.
Дар ИМА аз Covid-19 то кунун беш аз 40 ҳазор нафар ҷон бохтанд ва ин аз чор як ҳиссаи ҳамаи фавтидагон ба асари короновирус дар олам аст.
Дар ҳамин ҳол губернатори иёлоти Ню-Йорк, ки бештар аз дигарон ба КОВИД ҷабр дидааст, хабар додааст,ки авҷи сироят ба вирус пушти сар монд. Оморҳои ахир нишон медиҳанд, ки рӯз аз рӯз шумори нав сироятшудагон коҳиш меёбад.
Аммо зиддия миёни президент Тромп ва губернаторони иёлотҳо дар мавриди ҳифзи чораҳои карантинӣ идома дорад. Тромп аз ононе пуштибонӣ кард, ки барои коҳиш додани маҳдудиятҳои карантин рӯзи якшанбе эътисоб карда буданд. Губернатори иёлоти Вашингтон Ҷей Инсли гуфтааст, ки пуштибонии Тромп аз тазоҳуркунандагон хеле хатарнок аст.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Русия 6 ҳазору 60 нафар гирифторони нав сабти ном шуданд, ки аксари онҳо дар шаҳри Москав, вилояти Москав ва Санкпетербургу Нижгород мебошанд.
То кунун аз короновирус дар Русия 48 нафар фавтиданд, ки 28 нафари онҳо дар Москав мебошанд. Дар шабонарӯзи гузашта 234 нафар муолиҷашудагон дар 34 минтақаи Русия аз бемористонҳо ҷавоб шуданд.
Аз имрӯз дар аксари кишварҳои Аврупо чораҳои коҳиши маҳдудиятҳо амалӣ хоҳанд шуд. Олмон иҷозат хоҳад дод, ки фурӯшгоҳҳое, ки андозаашон бештар аз 800 метри мураббаъ мебошанд, боз шаванд. Ҳамчунин салони мошинҳо, дучархаҳо ва мағозаҳои китобфурӯшӣ низ боз мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Чех зина ба зина маҳдудиятҳои карантин барҳам мехӯранд. Ин ҷо бозорҳои саркушод боз мешавад ва ба шаҳрвандони иҷозат медиҳанд, ки ба зарурат ба хориҷа низ равуо дошта бошанд. Вале баъди бозгашт ҳатман 14 рӯз карантин хоҳанд шуд.
Дар Фаронса рафтан ба аёдати солмандон ба хонаҳои пиронсолон иҷозат дода мешавад, вале иртиботи ҷисмонӣ мамнуъ аст.
Дар Норвегия кӯдакистонҳо ва баъзе бемористонҳои вижа дарҳои худро боз мекунанд
Дар Лаҳистон рафтан ба бешаҳо, гаштугузор дар боғҳо иҷозат дода мешавад ва ҳузури одамони зиёд дар мағозаҳо низ манъ нест.