Бо мақсади ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, пешгирӣ ва сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиии эҳтимолӣ дар мавсими хатарноки селовар дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ чорабиниҳои пешгирикунанда роҳандозӣ шуданд.
Дар ҳудуди деҳаи Адолати ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки рӯди Элок аз он убур мекунад, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани дарё ба убури бемамониати обҳои селосо тадбирҳои муҳандисиву техникӣ ташкил ва роҳандозӣ карданд.
Дар ин чорабиниҳо 4 экскаватори «Камаз» ва 1 кран ҷалб шуд. Дар натиҷа беш аз 150 метри мукааб регу лой аз нуқтаҳои гуногуни дарё берун кашида шуд.
Дар ин кор ҳамчунин мутахассисони ҳукумати иҷроияи маҳаллӣ, Раёсати обёрӣ ва аҳолии маҳаллӣ ширкат намуданд.
Корҳои соҳилбандиву поксозии обпартоҳо ва соҳилҳо идома доранд.