Бо зарби 20 мушаки зиддижолаи “Алазан” 9 минтақа аз хавфи жола безарар гардид

Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз партови 20 мушаки зиддижолаи “Алазан” хабар дод, ки дар маҷмуъ 9 минтақа аз хавфи резиши жолаи харобкор безарар гардид.

Аз ҷумла, рӯзи гузашта барои бартараф намудани хавфи бориши жола дар як минтақаи ноҳияи Турсунзода...

Вусъати корҳои поксозӣ дар шаҳри Исфара

Дар шахри Исфара бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории  сироятии коронавирус (COVID-19) бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Исфара корҳои безараргардонӣ пурзӯр гардида, ҳамаҷониба чораҳои пешгирикунанда андешида шуда истодаанд. Ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо истифода аз маводҳои кимиёвӣ корҳои безараргардонӣ мегузароннад.

Зарфи як шабонарӯзи гузашта КҲФ дар роҳандозии корҳои поксозӣ беш аз 7 тонна маҳлули гипохлорит истифода кард

Гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус басо фаъолона ҷойҳои пурҷамъият ва маконҳоеро, ки маъмулан одамон бештар таҷаммуъ мекунанд бо истифода аз маҳлули гипохлорити натрий ва калсий поккорӣ мекунанд.

CОVID-19: Шумори сироятшудагон ба короновирус дар кишвар ба 128 нафар расид. Маргумир дар Аврупо коҳиш ёфтааст, сироят дар Русия афзоиш

Вазорати тандурустии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 4-уми май шумори гирифторон ба короновирус дар кишварро 128 нафар эълон кард. Ин вазорати дар бахши дигар аз хабари худ гуфтааст, ки аз миёни ин 128 нафар 2 нафар фавтиданд. Дар ҳамин ҳол гузориш мерасад, ки ҳодисаи маргумир бар асари короновирус дар Аврупо рӯ ба коҳиш меорад. Ҳукуматдорони Италия, Фаронса ва Испания дар бораи таҷдиди назар ба низоми карантин

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон 32 нафар эълон шуд

То 2 майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавируси нави CОVID-19, аз ҷумла 17 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бино ба иттилои манбаъ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи

Страницы