Як ҷавони 26-сола дар оби канали Чузии ноҳияи Шаҳринав ғарқ шудааст

Як ҷавони 26 – сола, сокини  деҳаи Селбури ноҳияи Шаҳринав дар канали Чузӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Наздиконаш мегӯянд марҳум гирифтори бемории рӯҳӣ буд ва мехостааст аз канал об нӯшад, вале мувозинати худро натавонистааст нигоҳ дорад. Дар натиҷа ба оби пуртуғёни канал сарозер шудааст.

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назид Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав афсарони бахш ҳамроҳ бо аҳолии маҳаллӣ дар ҷустуҷӯи ғарқшуда афтода, соати 22:22 дақиқа ҷасадро дар мавзеъи тахминан 500 метр дуртар аз маҳалле, ки ғарқ шуда буд, пайдо карданд ва ба наздиконаш супурданд.   

 

ХАБАРҲОИ ҲАМСОН

барчасп: