Ифшои ҷиноятҳо дар иртибот ба КОВИД-19 дар Суғд. Изҳори нигаронии Пешвои миллат аз афзоиши ҷинояткорӣ дар вилоят

“Ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифта, дар натиҷа ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор риоя нагардидани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, муомилоти маводи дорувории пастсифат, бе иҷозатнома ва бо вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ машғул шудан ба фурӯши маводи доруворӣ азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд”-гуфтан Пешвои миллат имрӯз дармулоқоташон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд.

Ин мулоқот дар доираи сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Дар қатори баррасӣ ва таҳлили масоили зиёд Пешвои миллат ҳамчунин оид ба афзоиши ҷурму ҷиноят дар вилоят ҳарф заданд. Бино ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2019 ва шаш моҳи соли ҷорӣ санҷишҳо дар самти иҷрои қонунгузорӣ оид ба молия ва буҷети давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Истиқлол, Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Деваштич ва Спитамен ҳолатҳои тасарруф ва хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ошкор намуда, дар натиҷа 55 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 14 миллион сомонӣ зарар ошкор ва ба буҷет барқарор карда шудааст.

Зимни санҷишҳои вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҳолатҳои бо вайрон намудани қонуни зикршуда гузаронидани ҷашни зодрӯз, хатнасур ва тӯйи домодиву арӯсӣ ошкор гардидаанд ва 380 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 325 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Санҷиш дар ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Спитамен, Деваштич ва Айнӣ ҳолатҳои беасос пардохт накардани музди меҳнат ё тасарруфи маблағҳои музди меҳнатро ошкор кардааст, ки дар натиҷа оид ба ин ҳолатҳо 22 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар натиҷаи санҷишҳо дар ин самт 45 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Пешвои миллат ҳамчунин гуфтанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади пешгирии бемории сироятии “КОВИД-19” ва фавран бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт, ҷудо намудани маблағ барои таъмини таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардонӣ ҳамаи чораҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд.

Вале санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор намудаанд, ки шахсони алоҳида аз вазъи бамиёномада истифода бурда, ба фиреби истеъмолкунандагон даст задаанд.

Масалан, мудири анбори беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Муминов Н. аз ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” 15 дона либоси махсуси тиббиро ба маблағи 120 сомонӣ харидорӣ намуда, онро беасос ва ғайриқонунӣ бо нархи 250 сомонӣ фурӯхтааст.

Сокини шаҳри Исфара Пӯлотов С. бошад, дар давоми моҳи майи соли равон бе иҷозатномаи мақомоти давлатӣ ва бе таъмини шароити дахлдор ба истеҳсоли маҳлули тиббии антисептикӣ машғул гардида, 22 майи соли 2020 ғайриқонунӣ 3200 адад маҳлули антисептикии қалбакӣ омоданамудаашро дар бозори шаҳр ба фурӯш баровардааст.

Ғайр аз ин, ӯ такроран 23 майи соли равон 2400 адад маҳлули антисептикии ғайриқонунӣ омоданамудаашро ба сокини шаҳри Исфара Ҷӯраев Р. ба маблағи 4320 сомонӣ фурӯхтааст. Нисбат ба номбурда 18 июни соли 2020 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Сарвари давлат бо нигаронӣ аз вазъи ҷиноӣ дар вилоят афзуданд: “Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2019 дар ҳудуди вилоят 6378 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 295 ҷиноят ё 5 фоиз зиёд мебошад”.

 

Матни комили суханронии Пешвои миллат ин ҷост: Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

барчасп: