COVID-19: Вазорати тандурустӣ 461 нафарро сироятшуда ба короновирус эълон кард

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори касоне, ки ба короновирус сироят шуданд, ба 461 нафар расид. Дар хабаре, ки дафтари матбуотии ниҳод расонаӣ кардааст, аз ҷумла омадааст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  то соати 17:30 дақиқаи  7 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар 4205 нафар зери...

Санҷиши густардаи клиникии доруи зидди короновирус оғоз шудааст

Дар беморхонаҳои Британияи Кабир санҷиши клиникии дору аз Covid-19 шуруъ шудааст, ки дар он бештар аз 8 ҳазор беморон ширкат мекунанд. Ин санҷиш зери назари Донишгоҳи Оксфорд мегузарод ва  RECOVERY номида шудааст. ВВС хабар додааст, ки он бар асоси панҷ доруи қаблан вуҷудошта сурат мегирад.  Дар миёни онҳо доруи омехтае, ки бо он СПИД-ро табобат мекунанд ва доруи дигаре, ки барои муолиҷаи табларза то кунун...

Аёдати собиқадорони Кумита дар Хатлон

Дар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон даст ба иқдоми хайрия заданд ва аз ҳоли ду собиқадори Кумита хабар гирифтанд.

Аёдати маъюбон, собиқадорони соҳа, полковник Муродов Амиралӣ ва подполковник Иброҳимов...

Хатсайри чартерӣ аз Ҳинд ба Тоҷикистон. Ҳавопаймо чӣ меорад?

Сомонаи ҳукумати шаҳри Душанбе аз ташкили  хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Ин манбаъ мегӯяд хатсайри чартерӣ бо дастури шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ ташкил шуд ва ҳадаф аз он пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва муолиҷаи гирифторони он аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар мебошад. Маводи зарурии воридшуда ба Вазорати...

КОВИД-19: Кишварҳо дар пайи лағви маҳдудиятҳо дар карантин

Имрӯз нашрияи машҳури британиёии Daily Telegraph бо сарлавҳаи ҳангомабарангези “Машварати дар хона мондан лағв мешавад” нашр гардид. Ҳукумати Британияи Кабир нақшаи нави худ дар мавриди карантинро танҳо рӯзи якшанбе эълон мекунад. Аммо Дейли Телеграф бо истинод ба манбаъҳои худ дар ҳукумат навиштааст, ки талаботу низоми қатъии худинзивоъ аввали ҳафтаи оянда лағв карда хоҳад шуд.

Страницы