Садамаи марговар дар Сангеви ноҳияи Қалъаи Хумб

Ронандаи 36-солаи мошини “Дулан”, ки ба умқи чиҳилметраи дарёи Панҷ бо мошин сарозер шудааст, ба ҳалокат расидааст. Сабаби садама дақиқан маълум нест. Ин ҳодиса шабона рух додааст ва эҳтимолан ронандаро дар роҳ хоб бурдааст ё ҳодисаи дигаре пеш омадааст. Ҷасади ӯ субҳи имрӯз пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ шаби 2 июли соли равон, тахминан соати 22:00 дар километри 350-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, дар қаламрави деҳаи Сангеви ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз, автомашинаи тамғаи “Дулан”, ки аз ҷониби сокини 34-солаи деҳаи Шкеви ҷамоати деҳоти Нулванд идора мешуд, дучори садама шудааст.

Манбаъ мегӯяд ҳангоми ҳаракат ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба ҷарии умқаш тақрибан 40 метр дарёи Панҷ сарозер шудааст.

Ҷузъиёти бештар аз ҳодиса дастрас нест.

ХАБАРҲОИ ҲАМСОН