Анҷоми мусобиқоти ҷумҳуриявӣ миёни наҷотдиҳандагон ба шарафи 25-солагии КҲФ

Аз 2 то 7 августи соли 2019 сенздаҳумин мусобиқоти ҷумҳуриятвии қаҳрамонии бисёрҳарба миёни дастаҳои ҷустуҷӯву наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳамчунин созмони ихтиёриёни наҷоти Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ низ ширкат карданд.

Анҷоми сислсилабарномаҳои телевизиони Хоруғ бахшида ба 25-солагии КҲФ

6 – уми июл барномаи зеҳнии телевизиони вилоятии Хоруғ бахшида ба 25-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо бозии  «Брейн-ринг» миёни ҷавонони шаҳр ба поён расид. Дар силсилабарномаҳо бахшида ба ин муносибат 30 нафар аз 8 даста ширкат намуданд.

Ҳадафи роҳандозии ин бозӣ таҳкими донишҳои насли ҷавон дар мавриди таърихи идораи наҷот, қоидаҳои рафтор дар ҳолатҳои фавқулода, малакаҳои тафаккури ҷамъӣ буд. 

Тақдими техника ва таҷҳизоти нав ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳамчунин бо мақсади расонидани ёрии техникӣ ба хадамоти равоншиносӣ ва дигар воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти маишӣ, комютерҳо, мебел, таҷҳизот  барои утоқҳои равоншиносӣ, ҳамчунин мошини тамғаи  «Nissan Patrol» супурда шуд.

Ҳалокати 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи Рязан, ки чор нафари онҳо узви як хонавода будаанд

Тибқи иттилои пешакии Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар шаҳри Маскав 6-августи соли 2019 дар 402-умин километри роҳи М-5 дар наздикии рустои  Пичкиряевои ноҳияи Сасовскии вилояти Рязан ду мошин -  микроавтобуси Mercedes ва Toyota Land Cruiser Prado  ба ҳам бархӯрданд. Замони садама дар дохили микроавтобус 11 нафар ҳузур доштанд, ки як нафари онҳо ҳамагӣ 12 сол дошт.

ГАРМОИ ШАДИД ВА МО: Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар дар қаламрави Тоҷикистон ҳамоно ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад.  Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқудофиаи гражани

Страницы