Хатмкардагони давраи омӯзиши забони англисӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросим супурдани шаҳодатномаҳо ба ширкаткунандагони давраи омӯзишии забони англисӣ баргузор шуд. 10 нафар хатмкардагони ин давраи омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд. Ин давраи омӯзишӣ муддати чор моҳ идома дошт.

Созмондиҳандаи ин давраи омӯзишӣ Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Хатмкардагони давраи омӯзиширо аз номи роҳбарият ҷонишини раиси Кумита полковник М.Салимзода, ҳамчунин кормандони масъули Сафарати Ҳиндустон дар Тоҷикистон муборакбод карданд. 

Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна давраҳои забономӯзӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пайваста роҳандозӣ мешаванд ва қарор аст соли 2020 низ омӯзиши забони англисӣ барои дигар кормандон идома ёбад.

барчасп: