Дар шаҳри Роғун ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар соли 2019 ва вазифагузории соҳа барои соли 2020 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, муовини Раиси комиссия - сардори Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Роғун, сардорони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, аъзоёни зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи ноҳия ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур иҷрои бандҳои Қарори ҷаласаи ҳайати Мушовараи Кумита дар бораи мусоидат кардан ҷиҳати ташкил намудани Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Роғун ва Қарори раиси шаҳри Роғун «Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бино ва машқгоҳ ба Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Роғун» маълумот дода шуд.
Дар ҷаласа инчунин қайд гашт, ки бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 778 аз 29 декабри соли 2006 «Оид ба тасдиқ намудани Қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табии ва техногенӣ» бо Қарори Раиси шаҳри Роғун № 45 аз 13 феврали соли 2019 маблағи 20000 сомонӣ ҷудо ва захира карда шуд.