Заминларза дар Тоҷикистон

Ҳамин лаҳзаҳо, аниқтараш рӯзи 20-уми декабр, соати 16:39 дақиқаи вақти Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар аввалин дақиқаҳои он шабакаҳои иҷтимоӣ лабрези ин хабар шуданд.

Бино ба маълумоти Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон Маркази заминларза  246 километраи ҷанубу шимоли шаҳри Душанбе дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд. Қувваи такони замин дар маркази он 6 балл ва дар шаҳри  Душанбе 4 баллро ташкил медод.

Дар қарамрави кишвар харобие дар ин заминларза ба қайд гирифта нашудааст.

Баъзе рахнаву шикофи начандон муҳим дар биноҳои ноҳияҳое, ки ба маркази заминларза наздиканд,  пайдо шудааст.

 

барчасп: