Ҷасади як марди 56-сола дар соҳили Сир пайдо шуд
Чоп шуд: 17/07/2020 | admin
Сокинони атроф зӯҳри рӯзи 16-уми июл дар соҳили дарёи Сир, воқеъ дар даромадгоҳи деҳаи Сартуқай сару либоси мардеро пайдо карданд. Худи ӯ дар ин атроф наменамуд, ҳарчанд ҷустанд, дар наздикиҳо шахсеро пайдо накарданд, ки белибос гардиш кунад. Пай бурданд, ки ин ҷо шояд касе ғарқи дарё шуда бошад. Навбатдори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ин хабарро ба қисми навбатдории Раёсати Кумита дар вилояти Суғд расонд.