Фоҷеа дар Сангвор: Навраси 16-сола дар кони ангишт зери ғарами санг монда ҳалок шуд

27 октябри соли 2020 тақрибан соати 11се бародарон (соли таваллудашон 1989, 1990 ва 2003) сокинони деҳаи Дараи Ҳайрони ҷамоати Сангвори ноҳияи Сангвор барои ангишт ба кони ангишт воқеъ дар наздикии деҳаи Саркорони ҷамоаи Сангвор рафтанд.

Дар вақти кор аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ онҳо зери сангрезиш монданд. Вақте ангишт ҷамъ меоварданд, аз теппае санги зиёд сарозер шуд ва дар ин ҳодисаи нохӯш бародари аз ҳама хурдсол, навраси 16-сола ба ҳалокат расид. 

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор сари вақт ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади наврасро аз зери сангҳо берун оварда, ба волидонаш супурданд. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ҳар ҳолат фарзандонги ноболиғи худро ҳифз кунед. Нагузоред, ки онҳо барои анҷоми корҳои пурхатар ба маконҳои хатарнок раҳсипор шаванд!

барчасп: